баргард чоп кардан

Эмомалӣ Раҳмон ба камбизоатони Кӯлоб кӯмак кард

Субҳи имрӯз, 30-юми март, аз ҳисоби хазинаи «Хайрияи президент» ба 100 оилаи нодор аз шаҳру ноҳияи Кӯлоб кӯмаки ғизоӣ расонида шуд.

Зулайхо Комилова, муовини раиси шаҳр ба Озодагон гуфт, ин ёрдам аз қабили орд ба миқдори 1 халта, биринҷ 25 килограм, равған 5кг, макарон ва гречка ҳар кадоме ба миқдори 2 халтачагӣ ба 100 оилаи ниёзманд аз ҷониби намояндагони дастгоҳи президент расонида шуд.

Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, дар ҳамин рӯз дар Амфитеатри шаҳр бо ибтикори ҳукумати маҳаллӣ ва маблағгузории «Хайрияи президент», хатнасури 600 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоату нодор ва 13 ҷуфти тӯйи арӯсии навхонадорон бо бахшиши тӯҳфаҳои туёна  доир гардид.