баргард чоп кардан

Вазири хориҷаи Амрико вориди Ар-Риёз шуд

Хиллари Клинтон, вазири хориҷаи Амрико баъд аз зуҳри ҷумъа, 30-юми март ба манзури баррасии таҳаввулоти ахири Сурия вориди шаҳри Риёз шуд.


Шабакаи телевизионии «Ал-арабия» хабар медиҳад, ки вазири хориҷаи Амрико ҷиҳати гуфтугӯ бо мақомоти кишвари Саудӣ дар бораи авзои буҳронии Сурия ба ин кишвар сафар кардааст.

Бар асоси ин гузориш қарор аст, Хиллари Клинтон бо Малик Абдуллоҳ, шоҳи Саудӣ ва Сауд ал-Файсал, вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом бидиҳад. Коршиносони сиёсии Ховари Миёна бар ин боваранд, ки ҳадаф аз сафари вазири хориҷаи Амрико ба Риёз, ёфтани роҳи ҳалли муносиб дар бораи поён додани хунрезӣ, саркӯб ва ҳамчунин афзоиши фишор бар режими Башор Асад ва қабули пешниҳоди Иттиҳодияи Араб барои канорагирӣ аз қудрат хоҳад буд. ИМА мегӯяд, режими Асад бо далели куштори бераҳмонаи мухолифон машруияти худро аз даст дода аст. Пас аз поёни гуфтугӯ қарор аст Клинтон рӯзи якшанбе ба Истанбул, пойтахти Туркия сафар кунад, то дар нишасти мухолифони суриягӣ ва кишварҳои дӯсти мардуми Сурия ширкат кунад.