баргард чоп кардан

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват 100 фойиз иҷро гардид

Даъвати баҳории наваскарон ба сафи Артиши Миллӣ 100 дарсад иҷро гардид. Дар ин бора сухангӯи вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод.

Бино ба қавли ӯ, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе дар маъракаи сафарбаркунӣ пешсаф буда, аллакай рӯзи 28-уми май аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд. Номбурда афзуд, ҳудуди 60 фойизи даъватшудагон баробари гирифтани даъватномаи ҳарбӣ ба комиссариатҳо ҳозир шуда, пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ ба қисмҳои низомӣ сафарбар гаштаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки  маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ду давра иборат буда, акнун даври баҳорӣ ба охир расид ва давраи тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр оғоз ёфта, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.