баргард чоп кардан

Суғд: Як нафар ҳалоку се тани дигар ҷароҳат бардоштанд

Дар километри 267-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд Чаноқ садамаи нақлиётӣ боиси марги як нафар гардид.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Таговкии ноҳияи Спитамен рух дода, зимнан 3 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Манбаъ афзуд, пас аз зӯҳри дирӯз (1-04-2012), ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Анварҷон Зокирови 35 сола, сокини деҳаи Селупаи ноҳияи Истаравшан аснои    ҳаракат дар чодаи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобил баромада, ба автамашинаи тамғаи  «КАМАЗ-55-11» бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автамашина тамғаи «Опел-Астра» в аду мусофир ҷароҳат гирифтаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Саидғозихон Қодирови 24-сола пас аз интиқол ёфтанаш ба беморхона ҳалок гардид.