баргард чоп кардан

Шоҳмотбозони тоҷик дар «Равшангарон» ба мусобиқа шурӯъ мекунанд

Дар маркази «Равшангарон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмотбозӣ миёни ҷавонону наврасон ва калонсолон баргузор мегардад.

Тавре  аз  Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, қарор аст, ин чорабинӣ аз  3-юм то 11-уми апрели соли равон идома ёфта, дар он шоҳмоти классикӣ, блитс ва тезбозикунанда миёни  варзишгарони синни  8, 10, 12, 14, 16, 18 ва 20 сола иштирок хоҳанд кард.

 

Дар мусобиқаи мазкур иштироки ҳайати дастаҳои 9 нафараи вилояти ВМКБ (1 ҳайат), вилояти Суғд (1 ҳайат) , Хатлон (2 ҳайат), шаҳри Душанбе (2 ҳайат), навоҳии тобеи марказ (1 ҳайат) дар назар аст.

Ҳамчунин, аз 7 то 13 апрели соли равон дар маркази мазкур, даври нимниҳоии ҷемпионати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот миёни мардон ва бонувон доир мегардад. Дар қисми нимниҳоӣ ғолибони даврҳои аввали шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ширкат хоҳанд кард.