баргард чоп кардан

Супер-Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол. Регар ТадАз ва Истиқлол бо ҳам вомехӯранд

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2011 тими «Регар ТадАЗ» ва қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2011 дастаи «Истиқлол» барои дарёфти «Супер Ҷоми Тоҷикистон» миёни ҳам рақобат мекунанд.

Тавре Нуралӣ Хоркашов, масъули ФФТ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ин бозӣ рӯзи 4-уми апрели соли равон, соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад. Ғолиби ин сабқат барандаи «Супер Ҷоми Тоҷикистон» шинохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «РегарТадАз» ва «Истиқлол» барои дарёфти «Ҷоми Тоҷикистон» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 26-уми октябри соли гузашта миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор, ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-уми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи дастаи «Истиқлол» намуд ва то охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт. Ҳамин тариқ,  тими «РегарТадАЗ» бо ҳисоби 1 бар 0 ҳарифро шикаст дода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2011 шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии мавқуфмондаи худ дар мусобиқоти қаҳрамониро рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо тими «Равшан» рӯи барф гузаронид ва бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба кард. Дастаи «Равшан» бо сабаби номусоид будани вазъи ҳаво ба бозии дигараш, ки мебоист рӯзи 28-уми декабр дар ҳамин варзишгоҳ боз бо дастаи «Истиқлол» дидор мекард, ҳозир нашуд ва бо ҳисоби техники 3 бар 0 мағлуб дониста шуд. Ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол» дар соли 2011 Чемпиони Тоҷикистон шуд.