Манбаъ афзуд, аз бағочи дастии М.У, дар даруни халтае 2 адад пойафзоли зимистонаи мардона дарёфт карда шуд, ки аз зери пошнаҳои он 4 бастаи салафанпеч дарёфт ва мусодира гардид. Ташхиси озмоишгоҳ нишон дод, ки маводи мазкур навъи ҳероин буда, вазни хоси он 476 гр-ро ташкил намуд.
-Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 2, ( муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 289 қисми 2 ( қочоқ, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани маводи нашъовар)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад,- афзуд манбаъ.