баргард чоп кардан

Душанбе мизбони мусобиқаи ҷумҳуриявии туби дастӣ

Неъмат Амонбеков, узви раёсати Федерасия туби дастии Точикистон ба хабаргузории Озодагон гуфт, ки аз 17 то 19 апрели соли равон дар толори «Қасри варзиш»-и пойтахт сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба туби дасти баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа ҷавонони 20-25 сола аз тимҳои шаҳру вилоят ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат мекунанд.Мавриди ёдоварист, роҳбарии Федератсияи туби дастиро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.