Майсара Қурбонова, сухангӯи маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон гуфт, ҳануз маълум нест, ки аз 7 ҳазор нафаре, ки дар кишвар ҳамчун бемори сил сабти ном шудаанд, чанд дар садашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мутахассисони Маркази бемориҳои сили шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки яке аз сабабҳои аслии гирифторӣ ба бемории сил муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Масъулини ин марказ иллати ба ин маризӣ гирифтор шудани муҳоҷиронро дар вазъияти номусоиди беҳдошт ва надоштани шароити хуби зисти онҳо рабт медиҳанд. Зимнан, Майсара Қурбонова мегӯяд, ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ қабл аз сафар ва баъди баргаштанаш аз маркази махсуси ташхиси муҳоҷирон, ки дар ҳама навоҳиву ҷамоатҳо мавҷуд аст, гузашта сертификати махсус мегиранд: «Дар ин гуна марказҳо муҳоҷирон аз муоинаи тиббӣ дар хусуси бемориҳои гуногун аз қабили сил, СПИД, бемориҳои норкологӣ мегузаранд».