баргард чоп кардан

«Авесто» ва «Лола» дар Қатар. Муаррифгарони фарҳанги Тоҷикистон

Дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ бо ҷалби беҳтарин гурӯҳҳои ҳунарии кишварҳои манотиқи мухталифи ҷаҳон баргузор шуд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон котиби матбуотии вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод, муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», ки ягона муассисаи махсусгардонидашуда барои ташкили сафарҳои ҳунарӣ дар сохтори Вазорати фарҳанг мебошад, ташкил ва иштироки ҳунармандони ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ба зимма дошт.

Тибқи барномаи Фестивал ҳунарнамоии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 21 то 27 март баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ ҷониби Тоҷикистонро ҳунармандони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғ.Валаматзода, гурӯҳи «Авесто» ва гурӯҳи мутрибон таҳти сарварии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азалия Галиахметова муаррифӣ намуданд.

-Махсусан рақсҳои ҷаззоби гулдухтарони ансамбли Лола, суруду навозишҳои гурӯҳи Авесто ва дигар санъаткорон бори дигар фарҳангу ҳунари миллати моро манзури ҷаҳониён сохт,-афзуд манбаъ.