баргард чоп кардан

Қатли як сокини Далёни Болои Ғончӣ дар дохили автомашинаи шахсӣ

Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар  РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд,санаи 1-уми апрели соли равон дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ҷасади шаҳрванд Ҷумъаев Орзиқул дарёфт гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷасади беҷони ин сокини 47-сола аз дохили мошини шахсиаш, ки тамғаи «Опел-Астра» мебошад, бо аломатҳои марги иҷборӣ пайдо шуд.

Аснои гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милиса бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят Холиқов Рашид, сокини 37-солаи ҳамин мавзеъ дастгир карда шудааст: «Рафти тафтиш маълум кард, ки бо доштани хусумати шахсӣ гумонбар марҳумро бо истифода аз зарфи шишагин якчанд маротиба ба сараш зада ӯро ба ҳалокат расонидааст»

Феълан, оиди ин ҳодиса  парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104, қисми 1 ( куштор) КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.