баргард чоп кардан

Мусодираи машруботи алкоҳолӣ дар пойтахт

Аснои баргузории як санҷиш аз сӯи кормандони андоз дар ноҳияи Шоҳмансур миқдори зиёди нӯшокиҳои спиртӣ мусодира шуд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, ин машруботи ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда, аз мағозаи «Шамс», воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ-4/33, аз фурӯшанда Илёс  Турақулов гирифта шуданд: « Нӯшокиҳои гуногуни спирти ба маблағи 4800 сомонӣ мусодира гардида, бино ба ташхиси озмоишгоҳи “Хурокворӣ” таҳти №1/4-084 маҳсулоти гирифта шуда, сифатан ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгу набуд».