баргард чоп кардан

Футбол: «Зарафшон»-и Панҷакент бо «Равшан»-и Кӯлоб вомехӯрад

Тақвими бозиҳои даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон барои соли 2012 байни дастаҳои лигаи олӣ тасдиқ шуд.

Тибқи иттилои Шавкат Ахмедов,  масъули дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои даври аввал бо ширкати 14 даста рӯзҳои 7-ум ва 8-уми апрели соли равон дар шаҳрҳои Душанбе се бозӣ, ва бозиҳои дигар дар майдонҳои футболи шаҳри Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисору Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, дар даври аввал, ки рӯзи 7-уми апрел баргузор мешавад, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо «Истаравшан»-и Истаравшан, «Энергетик»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва  «Шодмон»-и Ҳисор бо ССКА «Помир»-и Душанбе миёни ҳам рақобат мекунанд. Рӯзи 8-уми апрел бошад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ҳосилот»-и Фархор, «Равшан-и Кӯлоб бо «Зарафшон»-и Панҷакент, «Гвардия»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа вориди сабқат мешаванд.