баргард чоп кардан

Лизинг дар Тоҷикистон ба таназзул рӯ овардааст

Давоми солҳои 2009-2011 дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳое, ки ба хизматрасониҳои лизингӣ машғуланд, аз 10 то 6 адад коҳиш ёфтаст.

Ин нуктаро масъулини Созмони молиявии байналмилалӣ, зимни як ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд. Бино ба маълумоти намояндагони ин созмон, дар  натиҷаи таҳлили вазъи бозори лизингӣ дар  Тоҷикистон ҳаҷми бозори лизингӣ ҳам сол ба сол камтар шудааст: «Ҳаҷми бозори лизингӣ дар Тоҷикистон соли 2008 ум 24 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ин нишондод дар соли 2010 ум аллакай ба 4,02 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст».

 

Ҳамзамон, дар ин нишаст қайд гардид, ки лизинг дар ҷаҳон айни ҳол яке аз воситаҳои маъруфи таҷҳизонидан ва пурра кардани соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбад. Коршиносони созмони молиявии байналмилалӣ дар шароити Тоҷикистон, ки кишвари аграрист, лизингро беҳтарин роҳи таъмини деҳқонони тоҷик бо техникаи аграрӣ меҳисобанд. Аммо айни ҳол ин имконият кам истифода мешавад. Аз ҷумла соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 созишномаи лизингӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ баста шудаанду халос.

Тафсилоти бештар каме баъдтар нашр мешавад