баргард чоп кардан

Амалиётҳои низомӣ дар Сурия 10-уми апрел анҷом меёбад

Мақомоти Сурия гуфтаанд, ки рӯзи 10-уми апрел ба тамоми амалиётҳои низомии худ дар саросари кишвар хотима хоҳанд бахшид.

Кофӣ Аннон, намояндаи СММ бо эълони ин ҳарфҳои боло аз Шӯрои амниятии ин кишвар хостааст,  барои иҷрои ин тарҳ, ки ба хотири анҷом додани хунрезӣ дар Сурия роҳандозӣ хоҳад шуд, муддати муайянеро таъйин намоянд.

Ин тарҳи Аннон аз  тамоми тарафҳои даргир талаб менамояд, ки ба хушунат ва саркӯбиҳо хотима бахшанд, то кӯмакҳои башардӯстона ба осебдидагон равона гарданд, боздоштшудагон озод шаванд ва ба мардум иҷоза дода шавад, ки тазоҳуроти мусоламатомез барпо кунанд.

Гуфтанист,  намояндаи доимии Сурия дар СММ Башор Ҷаъфар иброз доштааст:  «Димишқ ба иҷрои тамоми бандҳои тарҳи Анон розӣ аст, аммо аз гурӯҳҳои мухолиф низ дархост менамояд, ки ба ин тарҳ пойбанд бошанд».