Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар пайи ҳавои номусоид садҳо парвоз мутавақиф шудааст. Торнадо ҳамчунин омили аз фаъолият бозмондани фурудгоҳи дигари Даллас - Лав-Филд шудааст.
Хабаргузориҳо менависанд, туфони шадид нақлиётҳоро ба ҳаво бардошта, боми хонаҳоро хароб кардааст. Дар мавриди қурбониёни ҳодиса маълумоти дақиқ нест. Танҳо аз захмӣ шудани 15 нафар хабар дода шудааст, ки вазъи ду тани онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Дар ИМА оғози баҳор мавсими тӯфонҳои харобиовар дониста мешавад. Моҳи марти соли равон силсилаи тӯфонҳо дар штати Ғарби Миёна дасти кам ҷони 40 нафарро гирифт.