баргард чоп кардан

Ширкатҳои чинӣ тиллои Қирғизистонро медузданд

Вакилони қирғиз дар ҷаласаи кумитаи парлумон оид ба рушди иқтисод ширкатҳои истихроҷии чиниро, ки дар вилояти Уши Қирғизистон фаъолият мебарад, дар пинҳон кардани тиллои истихроҷшуда муттаҳам кардаанд.

Исҳоқ Пирматов, сарвари ин кумита бо ишора ба маълумоти агентии давлатии геология изҳор доштааст, ки ширкатҳои Inter Business ва Asia Gold Enterprises 22 кило тиллои истихроҷкардаашонро руст кардаанд. Пирматов гуфтааст, ширкатҳои мазкур ҳамчунин аз давлати Қирғизистон 463 кило нуқра ва 93 тонн мисро пинҳон кардаанд. Гуфта мешавад, ин миқдор тилло ва мис ғайриқонунӣ аз ҳудуди Қирғизистон берун бароварда шудааст.

Райкон Тологонов, вакили парлумони Қирғизистон ҳам гуфтааст, ки ширкатҳои хориҷӣ қонуни кишварро нақз карда, маъданҳои гаронарзишро бо роҳи қочоқ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун мекунанд.

Вакилон талаб кардаанд, ки далелҳои қонуншиканӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ворид карда шавад. Ҳамчунин, депутатҳои қирғиз тақозои бозхонди иҷозатномаҳои ширкатҳои мазкурро доранд.

Ба иттилои вазорати захоири табиӣ дар Қирғизистон даҳҳо кони тилло мавҷуд аст. Бузургтарини онҳо Кумтор унвон мешавад, ки дар он солона ҳудуди 18 тонн тилло тавлид мегардад. Ҳаҷми умумии захираи тилло дар конҳои Қирғизистон бештар аз 100 миллиард доллар гуфта мешавад.