баргард чоп кардан

Пикет дар назди бинои сафорат

Дар назди бинои сафорати Ӯзбакистон дар Маскав ҳамойиш-зиёфат-и эътирозӣ баргузор гардид.

Дар ҳамойиш хабарнигорон, аккосон ва мудофеони ҳуқуқи инсон ширкат намуданд. Тавре Баҳром Ҳамроев, як масъули созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар бо номи «Фирориёни сиёсии Осиёи марказӣ»  ба хабарнигори московии Озодагон хабар дод, ҳадафи ин ҳамойиш пуштибонӣ аз озодии сухан дар Ӯзбакистон будааст. Ин як ҳамойиши вижае буд, ки тарҳи он аз сӯи аксбардори шинохта Виктория Ивлиева ва дӯстони ӯ пешниҳод шуда, шиори асосии он «Озодии сухан беҳ аз оши палав!» (Свобода слова - не хуже плова!) ном доштааст.

 

Ёдовар мешавем, ки Ивлиева, ки ба Тошканд барои доир намудани омӯзишҳои тахассусӣ барои ҳамкасбони ӯзбаки худ мерафт,  аз сӯи мақомоти Ӯзбакистон дар фурудгоҳи Тошканд боздошт ва ба Маскав  бозгардонида шуда буд. Сабаби бозгардонидани ӯро мақомот он замон шарҳ надода буданд. Худи Ивлиева бар он аст, ки ин депорт аз Ӯзбакистон ба тазоҳуроти пуштибонӣ аз рӯзноманигор Умеда Аҳмадова, ки бо ташаббуси ӯ 2 сол пеш дар Маскав доир гардида буд, рабт дорад.

Ҳамойиш бо мақомоти шаҳрдории Маскав мувофиқа шуда буд ва агар сабти видеоии кормандони сафорати Ӯзбакистонро аз ошёнаи саввум ба эътибор нагирем , ором ба анҷом расид.