баргард чоп кардан

Ҳисоб: 2 бар 1

Бозии футбол барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон», ки имрӯз дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, бар ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи «Истиқло» ба анҷом расид.

Тавре хабарнигори хабаргузории Озодагон аз маҳалли баргузории футбол иттилоъ дод, Иброҳим Раҳимов, бозингари дастаи «Истиқлол» дар дақиқаи 84-уми тӯби дувумро ба дарвозаи «Регар-ТадАз» ворид намуд.  Ёдовар мешавем, ки чанд лаҳза қабл голи якумро бозингари дастаи Истиқлол Юсуф Рабиев дар дақиқаи 35-ум вориди дарвозаи дастаи «Регар-ТадАз» намуда буд. Яъне бо ин ду гол дастаи «Истиқол» дар бозии имрӯзаи «Ҷоми олии Тоҷикистон» пирузиро ба даст овард. Соли чорум аст, ки бозиҳо барои дарёфти «Ҷоми олии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» қабл аз баргузории бозӣ ба хабарнигори Озодагон гуфта буд, ки соли ҷорӣ зиёд талош доранд, то мақоми аввали мусобиқаро ба худ ихтисос бидиҳанд. Дар ду сабқати солҳои пеш «Ҷоми олии Тоҷикистон»-ро тими «Истиқлол» соҳиб шуда буд.