баргард чоп кардан

Фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав муаррифӣ мегардад

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар пойтахти Русия шурӯъ гардиданд. Дар рӯзи аввали баргузории ин чорабинӣ  рассомон ва суратгирони шинохтаву ҷавони тоҷик маҳсули тахаюлоти худро ба тамошогарони маҳаллӣ пешкаш карданд.

Вафо Назаров, рассоми халқии Тоҷикистон шахсан ҳар офаридаи рассомонро муаррифӣ мекард ва мекӯшид тавоноӣ ва қудратмандии суратгар ва ҳамчунин мазмуни офаридаҳоро ба бинандагон бирасонад.

Ҷаноби Назаров дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ҳудуди 80 асари рассомон ба ин намоийшгоҳ оварда шудааст. Ӯ афзуд, мо инҷо рассомонро ба се давра тақсим намудем, рассомони соҳибтаҷриба, миёнсол ва ҷавон. Яъне, мо ба ҷавонон имкон додем, то асарҳояшон дар намойишгоҳҳои ҷиддӣ, мисли имрӯз, муаррифӣ шавад. Тасмим гирифтаем, ки ҷавононро қадам ба қадам аз пайи худ бубарем ва бо ин тариқ холигоҳе дар санъати суратгарии тоҷик ба миён наояд.

Ин дар ҳолест, ки санъати суратгирии тоҷик танҳо аз сӯи наворбардори соҳибтаҷриба Заур Дахте муаррифӣ мешуду бас. Бо ин вуҷуд, ки ин устоди ҳунар метавонад бо танҳоӣ муаррифгари санъати аккосии тоҷик бошад, аммо вазорати фарҳангро мебоист дар ин самт фарохтар бингарад ва аккосони ҷавонро, ки дар Тоҷикистон кам нестанд,  ба хотири дастгирӣ дар чунин чорабиниҳои ҷиддӣ роҳ бикушояд.{jathumbnail off}