баргард чоп кардан

Хоҷаи Ҳалво акнун оби чашмаи Калламардакро менӯшад

Сокинони маҳаллаи Хоҷаи Ҳалвои ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.

То ин замон 68 хоҷагии маҳаллаи мазкур аз масофаи 2 км оби нӯшокӣ меовард. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории ташкилоти башардӯстонаи  «Глобалпартнерс», ҳамчунин кӯмаки аҳолии маҳалла аз масофаи 2 ҳазору 30 метр, аз мавзеъи чашмаи Калламардак хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.
Дар маҳалла 3 нуқтаи мили об бунёд шуда, таъминоти сокинонро бароварда мекунад.

 

Дар  ин бора ба Озодагон аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.