баргард чоп кардан

Ҳоҳишмандони хизмат дар сафи артиши миллӣ афзудааст

55 ҷавон аз шаҳри Конибодом бо хоҳиши худ ба сафи артиши миллии Тоҷикистон сафарбар шуданд,-хабар медиҳад КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ дар комиссариати ин шаҳр маросими гусели наваскарон сурат пазируфт. Нуъмонҷон Обидов, шаҳрдори Конибодом зимни суханронӣ изҳор дошт, ки солҳои ахир теъдоди ҷавононе, ки бо хоҳиши худ шомили нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷкистон мешаванд, ба маротиб афзудааст.

Мавриди зикр аст, ки баъди касби истиқлолият даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон ба як мавзӯи доғ табдил шудааст. Дар арафаи мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ин мавзӯъ ба сархати расонаҳо мебарояд. Мавзӯи калидӣ саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ аст. Коршиносон ва таҳлилгарон сабаби бо хоҳиши худ ба аскарӣ нарафтани бархе ҷавононро ба шароити нохуби буду бош дар қисмҳои харбӣ ва калонсолорӣ (дедовшина) рабт медиҳанд. Аммо масъулини Вазорати дифоъ мегӯянд, дар чанд соли ахир вазъи қисмҳои ҳарбӣ ба маротиб беҳбуд ёфта, теъдоди ҷавононе, к ибо хоҳиши худ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мепайвандад, дар ҳоли афзоиш аст.

Ёдовар мешавем, мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба сафи артиши миллӣ расман аз санаи 2-юми апрел оғоз гардид.