баргард чоп кардан

Беш аз 120 кило маводи нашъадор мусодира шуд

Аз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилояти Суғд ба Озодагон гуфтанд, ки ин миқдор маводи мухаддирро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар се моҳи ахир кашф ва мусодира кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин рақам дар қиёс ба соли сипаришуда 12 кг бештар аст.

«Дар 3 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриконунӣ зиёда аз 108 кило маводи нашъадор мусодира шуд»,-афзуд манбаъ.

 

Аз 120 кило маводи нашъадори забтшуда зиёда 18 кг ҳероин, 99 кг гурӯҳи бангдона ва 2 кг афюн будааст.

Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида  64 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 ( муомилоти ғайриконунии  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорхо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти он идома дорад.