баргард чоп кардан

Президент дар «пробка»-и роҳ дармонд

Кортеҷи президент Медведев дар «пробка» дармонд.

Райисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев берун аз реҷаи тасдиқшудаи кориаш хостааст, ба бемористони кӯдаконаи шаҳрии рақами 89 ташрифи билоинтизор дошта бошад, аммо бар асари анбӯҳи зиёди нақлиёт худ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷумлаи вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ Татяна Голикова ва мири Маскав Сергей Собянин ва ҳамчунин чанд тан аз муҳофизонаш муддате миёни роҳбандони мошинҳо мондаанд.

Андешаи боздид аз дармонгоҳ вақти бозгашт аз маросими видоъ бо президенти марҳуми Абхозистон Сергей Багапш ба сӯи шаҳри Горкий, ки дар он ҷо вазъи таъминоти тандурустии мардум дар Ҷаласаи якҷояи Шӯрои давлатӣ ва Кумиссияи оид ба лоиҳаҳои авлавиятдор бояд баррасӣ гардад, бар сари Дмитрий Медведев омадааст. Анбӯҳи зиёди мардум ва парешонии ҳайати муҳофизони президент ва роҳандозӣ нагардидани чораҳои ҳатмии амниятӣ дар минтақа далели ин будаанд.

Ба ҳар сурат президент Медеведев аз «пробка» бо кӯмаки пулис ва бар асари эҳтироми мардум раҳида аз ин дармонгоҳ дидан кардааст.