Тоҷикистонро дар сабқати Ҷоми Ҷаҳон оид ба гуштии самбо паҳлавонони клуби варзишии Вазорати дифоъ намояндагӣ карданд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия баргузор шуд, намояндагони 25 кишвари дунё ширкат кардаанд. Ба иттилои Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуотии Вазорати мудофиа дар ин сабқат Акмалидддин Каримов дар вазни 57 кило зинаи дуюм ва Мустафо Ҳасанов дар вазни 68 кило мақоми себмро соҳиб шудаанд.
Маҳмадалиев мегӯяд, ин аввалин мусобиқае нест, ки варзишгарони клуби варзишии артиши миллӣ соҳибҷоиза мешаванд. Давоми беш аз 10 соли фаъолияти клуб варзишгарон дар сабқатҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, беш аз 100 медали тилло, наздики 200 нишони нуқра ва зиёда аз 200 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.