баргард чоп кардан

Фаронсавиҳо дар Ховалинг говпарварӣ карданиянд

Як гурӯҳи кории мураққаб аз 5 фаронсавӣ қасди таъсиси як фермаи говпарварӣ дар ноҳияи кӯҳистони Ховалингро кардаанд.

Ба гуфтаи Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг мутахассисони фаронсавӣ дар ҳоли ҳозир 60 сар гови маҳалиро харидорӣ карда, ният доранд бо говҳои зотии аврупоӣ дурага намоянд. Мутахассисон гуфтаанд, дар давраи саввуми дурагакунӣ, аллакай насли нави говҳои зотии сершир ҳосил мешавад.

Ба иттилои манбаъ, фермерҳои хориҷӣ майдони дар гузашта машҳури «Фермаи Петров»-ро, ки дар замони Шӯравӣ овозааш то Маскав рафта буд, интихоб карда, нақша доранд дар ҳамин мавзеъ фермаи нави замонавӣ бо усули аврупоӣ бунёд кунанд. То охири сол шумораи говҳои интихобшудаи маҳаллӣ бояд то 300 сар афзоиш ёбад. «Фаронсавиҳо говро интихоб намуда, баъдан дар ташхисгоҳи махсус хун, шир, пӯсту бадани ӯро аз санҷиш гузаронида, баъдан қабул мекунанд. Ҳайвони касалманду бемор сарфи назар мешаванд»,- афзуд Қодир Валиев.

Гуфта мешавад, ноҳияи Ховалинг як мавзеи кӯҳистон буда, дорои ҳазорон гектар чарогоҳ мебошад, ки барои рушди соҳаи чорвопарварӣ мусоид аст. Мутахассисони хориҷӣ низ, баъди аз назаргузаронии якчанд мавзеъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳамин минтақаро интихоб кардаанд. Дар ояндаи наздик, бо фаъол гаштани фермаи говпарварӣ, дар назар аст, ки як корхонаи азими коркарди шир низ бунёд шавад.