баргард чоп кардан

Хадамоти муҳоҷират: 160 муҳоҷирро ба кор таъмин кардем

Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд бо талоши онҳо беш аз 90 муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия бо ҷои кор таъмин шудааст.

Тавре аз хадамоти мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, намояндагони ин ниҳод дар ҷараёни сафарҳои хидматӣ ба вилоятҳои Свердловск ва Челябински Русия бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намуда ва як қатор аризаҳои онҳо дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳояшонро низ барасӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, корманди намояндагии ин хадамот дар Русия-Нусратулло Исматов якҷоя бо намояндагони ҷамъияти миллии «Мадад» бо роҳбарияти шӯъбаи Суғуртаи давлатии Русия дар мавриди фароҳам овардани шароити хидматрасонии тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфтушунид намуд: «Ғайр аз ин дар яке аз совхозҳои вилояти Волгоград шартномаи бо кор таъмин намудани 160 муҳоҷирони тоҷик имзо шуд»,-афзуд манбаъ.