баргард чоп кардан

«Регар-ТадАЗ» ба дарвозаи ҳариф се тӯби беҷавоб зад

Дар охирини даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон "Гвардия"-и Душанбе бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода рақобат карданд.

Ин дидор, ки дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо ҳисоби 0:3 поён ёфт. Ҳисобро Виктор Лиховидко дар дақиқаи панҷуми бозӣ боз кард. Баъдан Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 48-ум ва Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 90-ум аз имкониятҳои хуби голзанӣ истифода карданд.

Баъди анҷоми бозиҳои даври аввал тимҳои “Истиқлол”, “Хайр”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Вахш” се имтиёзӣ ба даст оварданд. Дастаҳои “Хуҷанд” ва “Энергетик” як холӣ доранд. ССКА “Помир”-и Душанбе аз бозии даври аввал озод буд.

Даври 2-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 14-уми апрел бо рақобати «Истаравшан»-«Равшан» (варзишгоҳи ноҳияи Спитамен), «Зарафшон»-«Энергетик» (варзишгоҳи шаҳри Панҷакент) ва «Истиқлол»-«Хайр» (варзишгоҳи “Металлург”) шурӯъ мегардад. 15-уми апрел бошад, «Ҳосилот» бо ССКА «Помир» (варзишгоҳи ноҳияи Фархор), «Регар-ТадАЗ» бо «Парвоз» (варзишгоҳи “Металлург”) ва «Хуҷанд» бо «Гвардия» (варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”) қувваозмоӣ мекунанд. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:00 муқаррар шудааст.