баргард чоп кардан

Тоҷикистону Ҷопон: Табодули мол 2 миллиону 613 ҳазор доллар

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Ҷопон дар ҷумҳурии мо Йошихиро Накаяма мулоқот анҷом дод.

Зимни ин нишаст масоили ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби санадҳои мутақобила баррасӣ гардид. Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, давоми 10 соли охир ҳукумати Ҷопон барои рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ кӯмакҳои техникӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонад.

Тибқи иттилои расмӣ соли 2001 аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон ба маблағи 16 миллион доллари ИМА- 80 адад комбайн, 100 адад тракторҳои МТЗ, 170 адад трактори Т-4А, 100 адад тухмпошак ва дигар олотҳои кишоварзӣ ворид гардида буд. Табодули амвол миёни ду давлат дар соли 2010-ум 2 миллиону 613 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намудааст.  Бо кӯмаки молиявии Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ (JIKA) лоиҳаи грантии «Беҳтар намудани хизматрасонии кишоварзӣ тавассути мустаҳкам намудани ташкилотҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон» фаъолият намуда истодааст.