баргард чоп кардан

Кофе Анон вориди Теҳрон шуд

Фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар умури Сурия чанд лаҳзае пеш вориди Теҳрон шуд.

Бино ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Эрон Кофе Анонро дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон муовини вазири хориҷаи ин кишвар Ҳусейни Мирабдуллоҳиён пешвоз гирифт. Тибқи эълони манобеъи расмӣ дар ин сафар Кофе Анан бо мақомоти Эрон, аз ҷумла вазири хориҷа Алиакбари Солеҳӣ мулоқот ва дар бораи таҳаввулоти Сурия баҳсу ройзанӣ хоҳад кард.

Ишора мешавад, ки сафари дурӯзаи Кофе Анон ба Теҳрон дар ростои мавзеъи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон мабнӣ бар эъломи омодагӣ барои ба кор гирифтани тамоми тавон ва зарфиятҳои сиёсии худ дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ба манзури ҳамкорӣ ва таомули созанда ва ройзаниву машварат бо тамоми тарафҳо дар ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шудани масоили Сурия ва кумак ба таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин муваффақияти ислоҳоти раиси ҷумҳури Сурия ва таҳаққуқи хостаҳои машруъ ва мусолиматомези мардумиСурия ба дур аз ҳар гуна дахолати хориҷӣ ва бо ҳифзи тамомияти арзӣ ва эҳтиром ба ҳокимияти Сурия сурат мегирад.