Тибқи қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи наслҳои ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ санаи 9 майи соли 2012 67 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил карда мешавад.
Ҳайъати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар он оро додани шаҳру деҳоти вилоят бо шиору овезаҳо, аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони барҷомонда ва оилаҳои сарбозони ҳалокгашта, ташкили мулоқотҳо бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор намудани ҳашарҳо дар оромгоҳҳо, муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони ҷанг гузошташуда, гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.