баргард чоп кардан

Дар Русия ходими исломиро куштанд

Як ходими исломии Озорбойҷон дар Русия кушта шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ ҷасади Метин Мехтиеви 33 соларо, ки қаблан шӯъбаи байналмилалии Маркази фарҳангии Исломии Русияро роҳбарӣ мекард, шаби 10-уми апрел аз назди бинои воқеъ дар кӯчаи Брестск пайдо кардаанд. Интерфакс навиштааст, замоне, ки Мехтиев аз бино берун мешавад, ҷинояткоре ба гардани ӯ корд мезанад.

 

Ба қавли шоҳидони ҳодиса ҳамлаварон аз панҷ нафар иборат будаанд ва миёнашон як духтар ҳам будааст.

Ба ҷуз аз Маркази фарҳангии Исломӣ Мехтиев солҳои тӯлонӣ бо созмонҳои Кунгураи русии халқҳои Қафқоз, Шӯрои муфтиёти Русия ва Маркази ҳуқуқии Қафқоз ҳамкорӣ кардааст.