баргард чоп кардан

Эрон содироти нафт ба Олмонро ҳам қатъ кард

Эрон як рӯз пас аз қатъ кардани содироти нафт ба Испания содироти нафт ба Олмонро ҳам мутаваққиф кард.

Ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Эрон ин иқдом дар ростои муқобила бо таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифтааст.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки вазири нафти Юнон қатъ шудани содироти нафти Эрон ба кишварашро тасдиқ кард. Пештар масъулини полоишгоҳҳои нафтии Юнон ин хабарро эълом карда буданд.

Дар ҳоле Эрон содироти нафти худро ба Юнон, Испания ва Олмон қатъ кардааст, ки кишварҳои урупоӣ барои худ фурсати 6 моҳаро дар назар гирифта буданд, то битавонанд манобеъи ҷойгузин барои нафти Эрон биёбанд.