Давлати Ӯзбакистон барои пардохти моҳонаи кормандони идорот, мурғу ҷӯҷаро ҷойгузини пули нақд кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии "Садои Хуросон", ахиран ҳайати вазирони Ӯзбакистон ба тамомии идороти давлатӣ дастур додааст, ки бахше аз маоши кормандони худро бо мурғу ҷӯҷа пардохт намояд. Бар асоси ин ҳукм, ба ҳар корманд ба маҷбурӣ 10 адад ҷӯҷа ба қиммати ҳар кадом наздики 3$ дода мешавад. Теъдоде аз муаллимони вилояти Бухоро, ки ахиран ба ҷойи пули нақд маоши худро бо ҷӯҷа дарёфт кардаанд, мегӯянд, ки қиммати ин ҷӯҷаҳо аз нархи бозор ба маротиб болотар аст. Мақомоти давлати Тошканд ҳадаф аз ин иқдомро афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ эълом кардаанд, аммо аз назари коршиносон, ин иқдом нишонаи нотавонии давлат дар таъмини ҳазинаҳои умумӣ аст.