баргард чоп кардан

Владимир Путин ба андозаи қариб 1,5 миллион рубл «камбағал» шудааст

Дмитрий Медведев, президенти раворави Русия дар соли 2011 назар ба соли 2010 чизе бештар аз 7 ҳазор рубл даромади камтар доштааст.

Сайти расмии Кремл Эъломияи даромади Медведевро нашр карда хабар додааст, ки дар соли рафта, он ба 3 миллиону 371 ҳазору 353 рублу 27 тин баробар будааст.

Ҳамчунин ин манбаи расмӣ навиштааст, ки президент Медведев дар соли сипаришуда ба ҷуз як мошинаи “Волга” ГАЗ-21-и кӯҳнаи соли 1962 чизе харидорӣ накардааст.

Ин дар ҳолест, ки сарвазир ва президенти интихобии ин кишвар Владимир Путин ба андозаи қариб 1,5 миллион рубл «камбағал» шудааст. Бино ба навиштаи сайти расмии ҳукумати Русия даромади Путин дар ҳоле ки соли 2010 чизе беш аз 5 миллион рублро ташкил медод, дар соли 2011 ҳамагӣ ба 3. 662 миллион рубл мерасад.

Владимир Путин низ дар соли гузашта ягон сармоя харидорӣ накарда будааст.