баргард чоп кардан

Таркиш дар шимоли Афғонистон 5 кушта бар ҷой гузошт

Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон эълом кард, ки бар асари як инфиҷор, ки шаҳри Қундӯзро ба ларза даровард, се ғайринизомӣ ва ду пулис кушта ва чанд каси дигар захм бардоштаанд.

То кунун фард ё гуруҳе масъулияти ин таркишро бар уҳда нагирифтааст.

 

Ҳамчунин рузи гузашта дар пайи даргирӣ байни неруҳои амниятии афғон ва ширкаткунандагони тазоҳуроти зидди амрикоӣ дар вилояти Форёб, ду нафар кушта ва 20 тани дигар ҷароҳат гирифтааст. Ин тазоҳӯрот дар эътироз ба қатли як муаллим аз дасти нерӯҳои хориҷӣ баргузор шуд.