баргард чоп кардан

Гӯшаи амрикоии Душанбе ба ҷои васеътар кӯч баст

Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи Гӯшаи амрикоӣ дар Душанбе ширкат намуд.

Тавре аз сафоратхонаи мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Гӯшаи навбатӣ дар Китобхонаи миллӣ боз шудааст. Кен Гросс зимни суханронӣ гуфт: «Бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагони гӯша ва муввафақ шудани барномаҳоямон, эҳтиёҷ ба ҷои васеътар пайдо гардид. Мо аз қарори ҳукумати Тоҷикистон барои ҷойгир кардани Гӯшаи Амрикоӣ дар Китобхонаи Миллӣ бисёр хушҳол шудем”. Ёдовар мешавем, нахустин Гӯшаи Амрико дар Душанбе соли 2005 дар китобхонаи Академияи илмҳо дарҳои худро боз карда буд.

Ҳамзамон, сафорати ИМА гӯшаҳои Амрикоро дар Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва Ғарм дастгирӣ мекунад. Ҳар як гӯшаи Амрико бо саҳифаи интернетии ройгон барои ҳадафҳои таълимотӣ, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони англисӣ, маълумотномаҳо дар бораи барномаҳои ҳукумати ИМА, машварати маорифӣ тахмин намуда, ба ташкили клубҳои мухталиф мусоидат менамоянд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳои мухталиф мебошанд, ки тавассути он мардуми Амрико ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

«Ҳоло Гӯшаи Амрико дар Душанбе дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст. Барои ворид шудан ба Китобхонаи миллӣ корти китобхона лозим аст. Кортҳо мӯҳлати эътибории 3 сола дошта, барои ворид шудан ба китобхона, аз ҷумла Гӯшаи Амрико, дар даромадгоҳи китобхона бо маблағи 10 сомони дастрас мегардад»,-афзуд манбаъ.