баргард чоп кардан

Мақомдорони собиқ ҳуқуқи муддаии курсии президент шуданро надоранд

Парлумони Миср рӯзи панҷшанбе, 12-уми апрел бо аксарияти оро тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он, мақомоти баландпояи ҳукумати Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳури собиқ аз ҷумла Умар Сулаймон, раиси собиқи созмони Амнияти Миср ҳаққи ширкат дар рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро нахоҳанд дошт.

Ин тарҳ бояд тавассути ҳокимони низомии Миср тайид шавад.

Пеш аз ин, Хайрот Ашшотир номзади Ихвон-ул-муслимини Миср номзадии Умар Сулаймон, вазири Амнияти режими Ҳусни Муборак, диктатори барканоршудаи ин кишварро бо шиддат маҳкум ва ин амалро "дуздии инқилоби Миср" номида буд.

Ёдовар мешавем, интихоботи президентӣ дар Миср 23-24 майи соли 2012 баргузор мешавад. Феълан, дасти кам 20 мудддаии курсии раёсатҷумҳурӣ сабти ном шудааст.