баргард чоп кардан

Райиси вилоят аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.

Нахуст роҳбари вилоят аз корхонаи «Яхмоси 33» дидан кард. Ширкати мазкур соли 1997 таъсис шуда, фаъолиятро аз истеҳсоли яхмос дар сехи хурд, воқеъ дар ноҳияи 33 шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.  Аз оғози фаъолият то имрӯз ширкат тавонист бо истеҳсоли моли хушсифат мавқеи худро дар бозори дохилӣ мустаҳкам намуда, аз як сехи хурд ба коргоҳи саноатӣ  табдил шавад. Дар коргоҳи мазкур айни замон беш аз 30 намуди маҳсулот, намудҳои гуногуни яхмос, самбӯсаҳои миллӣ, маҳсулоти нимтайёр аз қабили тушбераҳо ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ба роҳ монда шудааст.
Баъдан, раиси вилоят ба коргоҳи бофандагӣ ва дӯзандагии корхонаи хусусии Раҳимов рафт. Ин корхона аз ресмон матои пахтагӣ истеҳсол намуда, дар сехи дӯзандагӣ либосҳои варзишӣ медузад. Либосҳои таҳиякардаи онҳо ба хориҷи кишвар содир мешавад. Дар корхона 60 нафар фаъолият мекунад, ки маоши миёнаи онҳо 600 сомониро ташкил медиҳад. Корхона алҳол технологияи нави банду баст ва тайёр намудани қуттиҳои қоғазиро ба роҳ мондааст.

«Стар пласт» дар минтақаи озоди Суғд яке аз аввалин корхонаҳое мебошад, ки ба тавлиди қубурҳои обгузари пластикӣ машғул аст. Маҳсулоти корхона аллакай дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он барои иваз кардани қубурҳои обгузар васеъ истифода бурда мешавад. Дар «Стар пласт» истеҳсоли сатилҳои пластикӣ ва қутиҳои пластикӣ низ ба роҳ монда шудааст. Боздиди Қоҳир Расулзода аз корхонаҳои саноатии маркази вилояти Суғд бо ошноӣ аз фаъолияти «Силикот боя» поён ёфт. «Силикот боя» корхонаи муштараки тоҷикиву туркӣ мебошад. Корхонаи муштарак бо истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ машғул аст. Он бо технологияи туркӣ маҳсулот барои рангубор ва пардози иншоотҳои сохтмонӣ  истеҳсол менамояд. Алҳол маҳсулоти корхона ба ҷумҳуриҳои  Қирғизистон ва Афғонистон содир мешавад.