баргард чоп кардан

Беш аз 56 дар сади ҷои корӣ дар бахши хусусӣ таъсис шудааст

Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2012 дар миқёси ҷумҳурӣ бояд 121351 ҷойҳои корӣ таъсис дода шавад.

Тавре ба Озодагон аз  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар доданд, дар семоҳаи аввали соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 34148 ҷойҳои корӣ таъсис шудааст, ки 28,1 фоизи нақшаи пешгӯии Барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ 719, Хатлон 14228, Суғд 11024, шаҳри Душанбе 5208 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2969 ҷойҳои нави корӣ таъсис шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар бахши сохтмон  2933, саноат 2326, кишоварзӣ 9402, нақлиёт ва алоқа 631, савдо, хўроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ 12736, дигар соҳаҳо 4656 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 1464 ҷойи корӣ таъсис ёфтаанд.

Дар ташкилоту корхонаҳо таъсиси ҷойҳои кории нав вобаста ба шакли моликият ва идоракунӣ чунин аст: Дар корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ 3541 (10,4%), бахши коллективӣ 8178 (23,9%), корхонаю ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият 3257 (9,5%) ва дар сектори хусусӣ 19172 (56,1%).

Таҳлили сохтори ташкилии таъсиси ҷойҳои нави кори аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аксари ҷойҳои корӣ (56,1%) дар бахши хусусӣ таъсис шудаанд.