Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон унвонии вазири умури дохилаи кишвар ҷиҳати баррасии мунсифонаи қазияи журналисти рӯзномаи «ИмрӯзNews» расман муроҷиат кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин ташкилоти рӯзноманигорон иттилоъ доданд, дар нома аз ҷумла омадааст, ки рӯзи 8-уми апрели соли равон, аснои баргузории ҷашни Наврӯз дар дехаи Қалъаи нави шаҳри Роғун корманди ШКД-и ноҳияи мазкур Маликшо Мусоев санади рӯзноманигории Завқибек Солеҳовро аз ӯ гирифтааст ва то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин, дар муроҷиати Шӯрои ВАО қайд гардидааст, ки журналист аз ин мушкил ба созмонҳои марбутаи рӯзноманигорӣ шикоят карда, зимнан ба дафтари матбуотии ВКД ва телефонии боварии вазорат низ муроҷиат дошт.
Манбаъи хабар афзуд, Шӯрои ВАО бо ирсоли нома аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи кишвар дархости расидагӣ ба ҳалли мусбати ин қазияро иброз доштааст.