баргард чоп кардан

Хатари сартосарии маризии рӯдаву меъда таҳдид мекунад

Кишварҳои Аврупоро бемории саросарии рӯда ва меъда таҳдид кардан дорад. Тибқи омори расмии расонаҳои ин мамолик теъдоди фавтидагон бар асари бемории шадиди рӯда дар Олмон ба 14 нафар расида,  беш аз 1200 нафар ба ин маризӣ мубтало гаштаанд.

Гуфта мешавад, ин беморӣ бар асари инфексияи чӯбчаи рӯда бо номи E.coli хурӯҷ кардааст. Хамчунин, дар Шветсия 36 ҳолат  ва дар кишварҳои Ҳуланд, Бритониё, Дания ва Швейтсария низ ҳолатхои хурӯҷи ин беморӣ ошкор шудааст. Ҳамаи мубталоён аз сафари Олмон бозгашта будаанд.

Коршиносон бошанд аз афзудани теъдоди мубталоён ва хурӯҷи бештари ин беморӣ изхори нигаронӣ мекунанд. Зеро сарчашмаи он то ҳанӯз ошкор нашудааст. Пештар хабар дода буданд, ки сарчашмаи ин беморӣ сабзавот- бодирингу помидор ва кабудӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол ҳадамоти федеролии беҳдошти Русия ба хотири ҷилавгирии пахншавии ин беморӣ дар ин кишвар бо судури як амр вуруди сабзавотро аз кишварҳои Аврупо ба кишвараш манъ кардааст.