баргард чоп кардан

Вуруди аввалин гурӯҳи нозирони байналмиллалӣ ба Сурия

Нахустин гурӯҳ аз нозирони байналмиллалӣ вориди Димишқ - пойтахти Сурия шуданд.

Ба  гузориши хабарнигори Озодагон дар Эрон сухангӯи Созмони Миллал эълом кард: нахустин гурӯҳ аз нозирони ин ниҳод, ки вазифаи онҳо назорат бар оташбаси таҳти ҳимояти СММ дар Сурия аст, якшанбешаб вориди Димишқ шуданд ва аз рӯз душанбе кори худро шурӯъ карданд.

Дар ҳамин ҳол мушовири сиёсии ва расонаии Башор Асад - раиси Ҷумҳури Сурия эълом кард ҳузури нозирони байналмиллалӣ дар Сурия ба нафъи ин кишвар аст. Басина Шаъбон таъкид кард истиқрори нозирони байналмиллалӣ дар Сурия мушаххас хоҳад кард, ки иқдомоти харобкорона, одамрабоӣ ва куштори мардуми Сурия тавассути чи касоне сурат мегирад.

Дар қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллал аз давлати Сурия ва ҳамаи тарафҳои даргир хоста шудааст, шароити лозимро барои фаъолияти нозирони байналмиллалӣ фароҳам кунанд ва амнияти комили онҳо бояд тазмин шавад.