баргард чоп кардан

Компютердуздӣ дар Кӯлоб

Чор адад компютер аз гимназияи «Кӯлоб» ба яғмо рафтааст.

Бино ба иттилои ВКД дар мавриди ин ҳодиса аризаи директори гимназияи «Кӯлоб»-и назди филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри  Кӯлоб  ворид гардидаст. Гуфта мешавад, шаби  30-уми май  шахсони номаълум қулфи дари даромадгоҳро шикаста, вориди синфхонаи компютерӣ шуда, 4 адад компютерҳои тамғаи «Бенк»-ро дузида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Маблағи  умумии моли рабудашуда 8000 сомониро ташкил медиҳад.