баргард чоп кардан

Бонки рушди Осиё ба касбомӯзии муҳоҷирон ёрӣ мерасонад

Сафиалло Девонаев, Сардори Хадамоти муҳочирати кишвар бо Қаҳор Аминов, намояндаи Бонки рушди Осиё мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин нишаст масъалаи касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунарҳои замонавӣ тибқи талаботи бозори меҳнатии кишварҳои қабулкунанда баррасӣ гардид. Дар ин нишаст пешниҳод гардид, ки бо дастгирии Бонки рушди Осиё дар  Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Маркази таълимии муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шавад.

Дар ҳамин ҳол намояндаи Бонки рушди Осиё иброз доштааст, ки аз ҷониби хадамоти муҳоҷират лоиҳаи таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия ва ба бонки мазкур пешниҳод карда шавад. Ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, ки мулоқоти навбатияшонро ҳангоми сафари кории роҳбарияти Бонки рушди Осиё, ки дар моҳи майи ҳамин сол пешбинӣ шудааст, баргузор намоянд.