баргард чоп кардан

Заминларза дар Душанбе

Шаби гузашта дар пойтахти кишвар заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Ба Хабаргузории Озодагон аз маркази зилзиласанҷии  Душанбе иттилоъ доданд, ки шаби гузашта соати 20:16 дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Маркази заминҷунбӣ дар сарҳади Афғонистон наздик ба 260 километр ба ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе воқеъ буда, қувваи он дар марказ 4-балл, шаҳри Душанбе 2-3 балл ба қайд гирифта шудааст. Бар асари ин зилзила хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.