баргард чоп кардан

Ҳамла ба Кобул нишонаи заъфи иттилоотии НАТО

Ҳомид Карзай таҳқиқот дар бораи бузургтарин ҳамлаи ҳамоҳанги Толибон ба Кобулро, ки дар ҷараёни ҷанги даҳсола бесобиқа тавсиф шудааст, хостор шуд.

Раиси Ҷумҳури Афғонистон дирӯз гуфт, заъфи иттилоотии нерӯҳои таҳти амри Амрико сабаби нуфузи Толибон ба амнтарин манотиқи шаҳри Кобул гардид. Карзай дар баёнияе эълом кард:"Нуфузи терористҳо дар Кобул ва дигар вилоятҳо, нишонаи заъфи иттилоотии мо ва ба вижа НАТО аст ва бояд таҳқиқоти ҷиддӣ дар ин маврид анҷом шавад."

Вашингтон бо ради иддаои Карзай мегӯяд эҳтимолан шабакаи Ҳаққонии мустақар дар Покистон ин ҳамлаҳоро иҷро кардаанд. Амрико ҳамвора Покистонро барои иқдом алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ таҳти фишор қарор додааст. Аммо Покистон мегӯяд, нерӯҳояш ба қадре даргири мубориза бо шибҳи низомиёни дохилӣ ҳастанд, ки наметавонад алайҳи аъзои шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар минтақаи нима худмухтори Вазиристони шимолии ҳаммарз бо Афғонистон мустақаранд, иқдом кунад.

Ёдовар мешавем, беш аз 50 нафар аз ҷумла чаҳор ғайри низомӣ ва 11 сарбози Афғонистон дар ҳамлаҳои рӯзи якшанбеи Толибон ба Кобул ва дигар манотиқи ин кишвар кушта шуданд.