баргард чоп кардан

Варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Ду варзишгари тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба ҷумҳурии Корея сафар мекунанд.

Масъули бахши иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ дод, ки узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ-Низом Сангов ва Хуршед Тураев барои иштирок дар чемпионати Осиё аз 22 то 30-юми апрели соли равон ба шаҳри Пиеонгтаеки ҷумҳурии Корея мераванд.

 

Бино ба гуфтаи Саломат Шарипова бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон аз рўи 10 намуди варзиш «волейбол, баскетбол, гӯштини тарзи озод, гӯштини дзюдо, гӯштини самбо, гӯштини миллӣ, бокс, варзиши сабук, тенниси рўи миз, таеквондо ВТФ» доир карда мешавад. Мусобиқаи мазкур дар се марҳила, дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо, минтақа ва вилоятҳо ва марҳилаи ниҳоӣ аз 24 апрел то 21-уми майи соли равон идома хоҳад кард.