баргард чоп кардан

Парвандаи журналист ба додгоҳ рафт

Додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов оғоз кард.

Тибқи иттилои Ҷумъаи Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» муҳокимаи судии хабарнигори минтақавии ин нашрияро додгоҳи сайёри Табошар ба зимма дорад ва баррасии он пас аз зӯҳри дирӯз аз сар гирифта шуд.

Дар рӯзи аввали муҳокима додгоҳ шикояти бархе аз даъвогаронро шунида, имрӯз ба кори худ идома медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Аммо Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут медонад. Чанде қабл созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) низ хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.

Ёдрас менамоем, Муҳаммадюсуф Исмоилов  хабарнигори минтақавии нашрияи «Нури зиндагӣ» ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.