баргард чоп кардан

Ворис Мадаминов: Ташхиси боғоҷи ҳамаи мусфирон ғайриимкон аст

Ташхиси ҳамаи меваю сабзавот, ки мусофирон дар боғоҷу борхалтаҳои дастии худ аз Тоҷикистон ба хориҷа мебаранд, имкон надорад ва эҳтимоли гузаштани маводи зеркарантинӣ дар боғоҷи дастӣ ба Русия мавҷуд аст.

Ин нуқтаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон Ворис Мадаминов, сардори Хадамоти назорати фитосанитарӣ ва карантини Тоҷикистон изҳор дошт. Аввали ҳафтаи ҷорӣ Русия бо далели зиёд ошкор шудани маводи карантинӣ дар меваю сабзавоти боғоҷи мусофирон, воридоташонро дар борхалтаҳои дастӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Озорбойҷон манъ кард.

Сардори хадамоти назорати фитосанитарӣ ва карантини Тоҷикистон мегӯяд, то дараҷае меваю сабзавот аз ҳар ду тарафт ташхису тафтиш мешаванд: «Аммо азбаски шумораи парвозу мусофирон зиёд аст, имкони ташхиси маҳсулоти ҳамаи борхалатаҳои дастӣ мавҷуд нест. Эҳтимоли гузаштани маводи карантинӣ мавҷуд аст».

Мадаминов таъкид мекунад, ки дар асл шахсе, ки дар борхалтаи дастии худ маводи зеркарантинӣ мебарад, бояд худаш нозиронро огоҳ кунад, то мавод ҳуҷҷатгузорӣ гардад.

Тибқи иттилои Росселхоз аз соли 2011 то моҳи марти соли ҷорӣ дар боғоҷи мусофирон аз Тоҷикистон ҳудуди 230 ҳолати гузаштани маводи зеркарантинӣ ошкор шудаст.